ТАВСЕАИ ФАЪОЛИЯТИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМКОРӢ БО МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА ШИРКАТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ЧИНӢ

   Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сафарӣ корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарияти як қатор марказҳои илмӣ ва ширкатҳои истеҳсолии чинӣ вохӯрӣ анҷом дода, масоили роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти фаъолияти парки технологии Донишгоҳ ва филиалҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд баррасӣ намуд.
   Аз ҷумла, дар доираи сафари мазкур бо роҳбарияти ширкатҳои истеҳсолии “Sinomach”, “Pumei”, ҳамзамон олимони маркази илмии Шэнси мулоқоти судманд сурат гирифт.
  Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар чорчӯбаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар доираи парки технологии донишгоҳ ҳамкориро роҳандозӣ намуда, марҳила ба марҳила истеҳсоли хурди саноатиро дар парки технологии Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба роҳ монанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *