ТАШРИФИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

   Дар доираи сафари кории роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст мулоқоти судманди ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Саидзода Зоҳир Озод доир гардид.
   Зимни вохӯрӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Чин ва паркҳои технологӣ табодули афкор сурат гирифт.
   Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вобаста ба омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар зинаи касбҳои коргарӣ мавриди баррасии амиқ қарор доданд.
    Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Саидзода Зоҳир Озод аз ташрифи роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Чин изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ намуда, иқдомоти мазкурро дар ин самт қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.
    Дар хотимаи вохӯрӣ чун рамзи эҳтиром тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ҷонибҳо тақдим гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *