Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми Шарқ буда, рамзи ҳосилғундорӣ, рӯшноӣ, дӯстиву муҳаббат ва фаровонӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷашни куҳан аз ойинҳои марбут ба Меҳр сарчашма гирифта, таҷассумгари пайванди инсон бо табиат ва арҷгузорӣ ба неъматҳои замин мебошад.
Тирамоҳ омад бо тоҷи заррин,
Чеҳраҳо хандон, дилҳо пур аз шодӣ.
Баргҳо мерезанд бо оҳанги ширин,
Эй замин, пешвоз гир Меҳргони шодӣ!



























