Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Асрорзода бо Директори минтақавии Бунёди Ҳаннс Зайдел оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳтарам Константин Блашке, баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки муҳтарам Константин Блашке аз 1 феврали соли 2025 ба ин вазифа таъин гардида, фаъолияти худро оғоз намудааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташкили чорабиниҳои илмию омӯзишии муштарак табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои ҷалби донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон ба барномаҳои стипендиявии Бунёд дар самти идоракунии давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда шуд.
Ректори донишгоҳ омодагии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Бунёди Ҳаннс Зайдел, аз ҷумла дар самти такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳайё сохтани шароит барои таҳсили донишҷӯёну магистрантон дар хориҷи кишвар иброз намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили конфронсҳо, форумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак, инчунин рушди барномаҳои табодули академӣ ба мувофиқа расиданд.


