Ташрифи ректори Донишгоҳи иқтисод ва хизматрасонии Термез ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
13 феврали соли 2025 ректори Донишгоҳи иқтисод ва хизматрасонии Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саттаров Абдусамат Умирқулович бо ҳайати ҳамроҳонаш, доктори илмҳои таърих, профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Кобулов Эшболта Отамуротович ва мудири кафедраи илмҳои фундаменталии тиб Рӯзиев Ойбек Авлаевич ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, меҳмонон бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқоти расмӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо оид ба имкониятҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, масъалаи омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин рушди барномаҳои таълимии ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ муҳокима гардид. Ин ташрифро метавон ҳамчун як қадами муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ кард.
Муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муҳтарам Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович, аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба ҳайати меҳмонон барои ташриф ва мулоқоти созанда изҳори сипос намуда, дар анҷоми вохӯрӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.