Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ва фарҳангӣ доир гардид.

03 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи омӯзгорон” бо иштироки роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо сухани ифтитоҳӣ кулли омӯзгорону кормандони муассиса ва воҳидҳои сохтории онро дар вилоятҳои Хатлону Суғд бо ин ҷашнҳои пурифтихор табрику таҳният намуд.
Иброз гардид, ки имрӯз мо ба ғамхориҳои беандоза ва таваҷҷуҳи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, ки бо кӯшишҳои пайвастаи худ дар ватани азизамон тамоми шароит ва заминаҳои заруриро барои рушди маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия фароҳам овардаанд.
Ректори Донишгоҳ бо ифтихор қайд намуд, ки имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шудааст. Ҷойи ифтихор аст, ки забони миллии мо дар даврони Истиқлолият дар партави сиёсати Сарвари давлат дубора эҳё ва дар мақоми таърихии худ барқарор карда мешавад.
Дар доираи сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷӯҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маорифи кишвар, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъкидҳои Сарвари давлатро вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва дастгирии иҷтимоии онҳо сармашқи кори худ намуда, бахшида ба ҷашнҳои болозикр омӯзгорону кормандонро бо “Ифтихорнома” ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонид.
Дар интиҳои чорабинӣ бахши фарҳанги Донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида гардонид.
Чорабиниҳои дигар вобаста ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи омӯзгорон” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома доранд.
ш. Душанбе, ДБССТ, 03.10.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *