Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

Мақсади ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ташаккул додани маҳорати касбии донишҷӯён дар асоси омӯзиши фаъолияти кории муассиса, ташкилот ва корхона, тақвият бахшидан ба малакаи тахассусии онҳо оид ба мустақилона ташкил намудан ва гузаронидани корҳо, қабули қарорҳои дахлдор дар самт (ихтисос)-и интихоб намуда, иборат аст.

Нақши таҷрибаомӯзӣ дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака ва омода намудани мутахассисони оянда назаррас буда, василаи муосири алоқаи илм бо истеҳсолот маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин марҳилаи омӯзиш донишҷӯ хусусиятҳои мусбат, аз қабили мустақилият ҳангоми хулосабарорӣ, ба ҳам тавъам намудани илм бо амалия, рушди касбият ва этикаи касбӣ, дарки масъулият ва ҳавасмандиро аз худ намуда, дар оянда мутахассиси комил ба воя мерасад.

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони донишгоҳ  кору фаъолияти худро тибқи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимон, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шурои илмӣ-методӣ ва Низомномаи бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон ба роҳ монда, дар амалӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ саҳмгузор мебошад.

Раёсати донишгоҳ ва бахши таҷрибаомӯзӣ барои ҷоннок намудани фаъолият ва натиҷаҳои самаранок дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо 75  муассисаву ташкилотҳо, вазорату идораҳо, бонкҳо ва корхонаҳо ҷиҳати таъмини баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Дар баробари ин, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ ҷиҳати роҳандозии машғулиятҳои таҷрибавӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии “Сайёҳ”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб буда, роҳандозии фаъолияти Марказро аз ҷониби “Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон” дар ҳамоҳангӣ бо кафедраҳои дахлдор ба роҳ мондааст.

Донишҷӯёни зинаи бакаравр ва зинаи магистратураи Донишгоҳ аз рӯи 5 самт ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда мешаванд. Аз ҷумла, дар зинаи бакалавр – таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва зинаи магистратура – таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ.

Самти дигари фаъолияти бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон ин таъмини хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи корӣ ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба ин масъала, аз ҷониби бахши таҷрибаомӯзӣ ҳамасола корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар таъмин намудани хатмкунандагон ба ҷойи корӣ дар бозорӣ меҳнат нақши арзанда гузошта истодааст.


Сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

Ҳакимов Каримҷон Савзаалиевич

Тел.:+992918880329 

E-mail: Hakimzoda_03@mail.ru