Маълумоти мухтасар дар бораи факултети молия ва қарз

Факултети молия ва қарз дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон) “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори идоракунии донишкада” аз 1 майи соли 2020   протоколи № 15/1таъсис дода шудааст.

Раванди таълим дар факултети мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори факултети молия ва қарз чор кафедраҳои тахассусӣ, аз ҷумла кафедраи фаъолияти бонкӣ, кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ, кафедраи молия, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор амал менамояд.

Факултети молия ва қарз мутахассисонро дар зинаи бакалавр дар шӯъбаи рӯзона тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар сатҳи баланд омода намуда, барои идомаи таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар менамояд.

ИХТИСОСҲОИ АМАЛКУНАНДАИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ:

  1. 1-25010400 – молия ва қарз (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)
  2. 1-25010202 – иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ
  3. 1- 25010402 – кори бонкӣ (тоҷикӣ, русӣ)
  4. 1- 25010403 – андоз ва андозбандӣ (тоҷикӣ, русӣ)
  5. 1- 250105 – омор
  6. 1- 25010408 – бозори фондӣ
  7. 1- 25010409 – молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
  8. 1- 25010410 – менеҷменти молиявӣ

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ, ҶАМЪИЯТӢ, ФАРҲАНГӢ ВА ҒОЯВИЮ СИЁСИИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

 

Корҳои тарбиявӣ дар факултети молия ва қарз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи  миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсиро тарбияву омода менамояд.

ФАЪОЛИЯТИ КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТИИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Фаъолияти кафедраҳои зертобеи факултети молия ва қарз дар раванди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ вобаста ба самти кафедра ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ – таҳқиқотии ҳайати омӯзгорон дар асоси нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ хеле назаррас аст.