Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
dsx_ips@mail.ru
www.iutet.tj
Мудири хобгоҳҳои Донишгоҳ
Каримӣ Сайрам Карим
Тел.:
E-mail:
Маълумоти мухтасар
Аз моҳи сентябри соли 2025 инҷониб дар вазифаи мудири хобгоҳҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, оиладор соҳиби ду фарзанд. Солҳои 2010-2015 вакили халқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва соли 2023 ба медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолияти кориаш ҳамчун омӯзгор аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб оғоз гардида, дар мансабҳои сардори Идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байнимиллии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дар Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”, ки бо ибтикор ва ташаббуси мавсуф таъсис дода шудааст ва аз соли 2010 инҷониб ба масъалаҳои ҳуқуқию равонии занон ва духтарони шаҳри Душанбе равона карда шудааст фаъолият намудааст.
Дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат фаъолияти пурсамар ва софдилона намуда, бо ташаббусҳои созанда ва назаррас дар мансабҳои роҳбарикунанда хизмати содиқона намудааст. Дар давоми фаъолияти корӣ ҷиҳати тарбияи насли наврас оид ба пос доштани арзишҳои миллӣ-фарҳангӣ, риояи суннатҳои тоҷикона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, ҷалби занону ҷавондухтарон ба ҳунармандию касбомӯзӣ иқдомҳои устуворона намуда, мудом ҷиҳати корҳои созандагию ободкорӣ дар пойтахт саҳми арзанда гузоштааст.