Шурои кор бо занон ва духтарон

Раиси Шурои кор бо занон ва духтарон

Зарипова Гулниссон Абдулложоновна

Тел.: +992901211903
E-mail: 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Зарипова Гулниссо Абдулложоновна – Раиси Шурои кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докторанти фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, ассистент

Аз соли 2023 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият намуда, кори илмии худро дар самти “Такмили механизми низоми идоракунии таваккал дар фаъолияти соҳибкорӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафоев Абдумаҷид Каримович пеш бурда истодааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Зарипова Гулниссо масъалаҳои таҳқиқи моҳияти идоракунии таваккал, намудҳои асосии таваккал,усулҳои асосии баҳодиҳии таваккал, механизми ташкилию иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар таваккал, асосҳои консептуалии идоракунии он, усулҳои идоракунии таваккал ва таъсири он ба фаъолияти соҳибкорӣ дар идоракунии таваккалро дар бар мегирад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 10 корҳои илмӣ, аз ҷумла: 2 мақолаи тақризшаванда (КОА), 4 мақолаҳои байналмилалӣ, 4 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарӣ ба мақолаҳои илмии донишҷӯён ба чоп расидааст.
Барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯдухтарон ва бонувони донишгоҳ бо сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.

Дар донишгоҳ Зарипова Гулниссо роҳбарии самти кор бо занон ва духтаронро ба уҳда дорад. Вазифаҳои ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои тарбиявӣ, таҳия ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар самти кор бо занон ва духтарон, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, аксияҳо, аксияҳои мухталифи тарғиботию ташвиқотӣ дар самти амалигардонии барномаҳои омода кардани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби ҷавондухтарон, кор бо Шуроҳои бонувон ва мақомотҳои маҳаллию Кумитаҳои кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо дастаи варзишгарон,омода кардан кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарону бонувониболаёқату донишманди донишгоҳ, назорати риояи тартибу интизом ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, кор бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқомат- кунанда, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар байни занону духтарон, инчунин назорат ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб, ифротгароӣ ва экстремистӣ дар байни занон,тарбияи занону духтарон дар рӯҳияи созандагӣ, ватандӯстӣва меҳандӯстӣ,тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани савияи дониш, беҳтар намудани тарбия, маданияти ахлоқии духтарон ва ҷалб намудани онҳо нисбат ба донишандӯзиву чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, аксияву фестивалҳо ва мусобиқаҳои ноҳиявӣ,шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ донишҷӯдухтарону бонувони донишгоҳ нигаронида шудаанд. Вазифаҳои мазкур бо фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимиву тарбиявӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷӯён мусоидат менамояд, равона гардидаанд.


 

Хабарҳо
Бештар