Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Неъматуллозода Фаридун Неъматулло
Тел: (+992) 905056345
Е-mail: nematzoda.farid@gmail.com
Маълумоти мухтасар
Фаридун Неъматуллозода – сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докторанти фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600-Иқтисодиёт, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ.
Аз соли 2021 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият намуда, кори илмии худро дар самти “Механизмҳои ташкилӣ-иқтисодии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар” зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафоев Абдумаҷид Каримович пеш бурда истодааст.
Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Неъматуллозода Фаридун Неъматулло масъалаҳои мубрами соҳибкорӣ, соҳибкории истеҳсолии хурду миёна, муҳити мусоиди соҳибкорӣ, соҳибкории инноватсионӣ, заминаҳои мусоиди рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръатро дар бар мегирад.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 21 корҳои илмӣ, аз ҷумла: 3 мақолаи тақризшаванда (КОА), 13 мақолаҳои байналмилалӣ, 5 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарӣ ба мақолаҳои илмии донишҷӯён ба чоп расидааст.
Дар донишгоҳ Неъматуллозода Фаридун роҳбарии самти кор бо ҷавононро ба уҳда дорад. Вазифаҳои асосии Ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои тарбиявӣ, банақшагириву баргузории чорабиниҳои гуногун дар байни донишҷӯён, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва солимгардонӣ дар байни донишҷӯён, аксияҳои тозагиву ободонӣ ва шанбегиҳо, кор бо созмонҳои ҷавонон, назорати риояи тартибу интизом ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ дар байни донишҷӯён, кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҳаракати волонтёрон ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳ ва ғайраҳо нигаронида шудаанд. Вазифаҳои мазкур ба фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимӣ ва тарбиявӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷӯён мусоидат менамояд, равона гардидаанд.
Фаридун Неъматуллозода барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бо сипосномаи раёсати донишгоҳ ва сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.