ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро интихоб менамоянд, расонида мешавад, ки айни замон Донишгоҳ бо беш аз 250 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Довталабоне, ки тибқи варақаи бақайдгирӣ бо интихоби пурраи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон то 25 апрели соли 2025 ба раёсати робитаҳои байналмилалии муассиса ҳозир мешаванд, аз рӯйи ихтисос ва равияи таҳсил ба курсҳои ройгони забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ, куриёӣ ва фаронсавӣ) фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Ҳамзамон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои табодули академӣ таҳия карда мешаванд.
Сипас, бо сазовор шудан ба номи пуршарафи донишҷӯйи ДБССТ дар соли таҳсили 2025-2026 тибқи барномаҳои табодули академӣ ба кишварҳои Чин, Корея, Малайзия, Индонезия, Ҳиндустон, Қатар, Гурҷистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Аврупо, аз ҷумла Олмон, Нидерланд ва дигар давлатҳо сафарбар карда мешаванд.
ℹ️ Барои маълумоти иловагӣ ба раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоед.
E-mail: iutetiro.tj@gmail.com
🌍 Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *