Санаи 2-3- и майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи кодекси андоз” аз рӯи ду наминатсия баргузор гардид.
Дар номинатсияи “даставӣ-амалӣ” донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз дониста шуданд.
Инчунин, аз ҷониби рохбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо “Сипоснома” тақдим карда шуд.
Муваффақияти навбатии донишҷӯёни Донишгоҳ ба кулли омӯзгорон ва муҳассилини ин боргоҳи илму маърифат муборак бошад.