ҲАМОҲАНГСОЗИИ ИҚДОМҲО БО БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР: GREEN. DIGITAL. SMART»

9 феврали соли 2026 вохӯрии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ко Сакамото баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart», ки дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2026, №2806 (22.7) баргузории он рӯзҳои 14-18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар назар аст, баррасӣ гардиданд.

Дар робита ба ин, масъалаҳои иштироки намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар ҷаласаҳои Форум ва ташаббусҳои муштарак ҷиҳати баргузории чорабиниҳо матраҳ гардида, дар ҷараёни мулоқот омодагии ҷонибҳо ба ҳамкории зич барои доир намудани чорабиниҳои канорӣ дар доираи Форуми байналмилалӣ изҳор гардид.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҷанбаҳои идоракунии самараноки лоиҳаҳо ва рушди иқтидори институтсионалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди сабз ва навсозии инфрасохтори таълимӣ зоҳир гардид.

Comments are closed.