ДАРСИ НАМУНАВИИ ОЛИМОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки олимону устодони Ҷумҳурии Исломии Эрон дарси намунавӣ баргузор гардид.

Дарси мазкур бо иштироки Алии Далер – профессори Донишгоҳи фарҳангиёни Теҳрон ва Тайба Раҳмонӣ – доктори Донишгоҳи фарҳангиёни Теҳрон барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010800 – «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.

Зимни баргузории дарси намунавӣ меҳмонони хориҷӣ доир ба аҳаммияти донишҳои муосир, истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, рушди тафаккури таҳлилӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамгироии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ва нақши технологияҳои муосир дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки бо таҷрибаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос гардида, доир ба масъалаҳои марбут ба раванди таҳсил, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва такмили донишҳои касбӣ мубодилаи афкор намоянд.

Баргузории чунин машғулиятҳои таълимӣ бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими байналмилаликунонии таҳсилот ба ҳисоб рафта, барои густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар раванди таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ба ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар