БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ДБССТ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ бо иштироки Тестина Яна Сергеевна – мудири кафедраи кишваршиносии байналмилалии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дарси мазкур барои донишҷӯёни гурӯҳи ихтисоси 1-02040507 – «Географияи иқтисодӣ» ташкил гардида, ба масъалаҳои мубрами географияи иқтисодӣ, хусусиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин нақши омилҳои ҷуғрофӣ дар ташаккули муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ равона карда шуд.
Зимни машғулият олими хориҷӣ доир ба равандҳои муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, хусусиятҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ, инчунин аҳаммияти таҳқиқоти кишваршиносӣ дар омӯзиши равандҳои ҷаҳонишавӣ андешаҳои илмии худро баён намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии кишварҳо, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва рушди малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки бо равишҳои муосири омӯзиши географияи иқтисодӣ ва кишваршиносии байналмилалӣ шинос гардида, доир ба масъалаҳои рушди иқтисодии давлатҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки олимону профессорони муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, такмили салоҳиятҳои касбӣ ва ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ба раванди таълим аҳаммияти муҳим дорад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва илм ҷиҳати ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар