Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ бо иштироки Эргашбаев Муслим – намояндаи Маркази рушди устувори Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дарси мазкур барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» (гурӯҳҳои «А» ва «Б») ташкил гардида, ба масъалаҳои мубрами рушди устувор, такмили низоми идоракунии давлатӣ, татбиқи принсипҳои идоракунии самаранок ва нақши мақомоти давлатӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа бахшида шуд.
Зимни машғулият меҳмони хориҷӣ доир ба аҳаммияти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, нақши сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди мутавозини иқтисодию иҷтимоӣ, истифодаи механизмҳои инноватсионии идоракунӣ ва зарурати ҳамгироии принсипҳои рушди устувор ба фаъолияти мақомоти давлатӣ андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои такмили идоракунии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ, таъмини шаффофият ва масъулиятшиносии ниҳодҳои давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки бо таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти татбиқи сиёсати рушди устувор ва такмили механизмҳои идоракунии давлатӣ шинос гардида, доир ба масъалаҳои идоракунии муосир, рушди иқтисоди сабз, истифодаи самараноки захираҳо ва нақши ҷавонон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мубодилаи афкор намоянд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти идоракунии давлатӣ ва рушди устувор барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани салоҳиятҳои касбии мутахассисони ояндаи соҳаи идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин машғулиятҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони марказҳои илмӣ ва таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши робитаҳои илмӣ ва татбиқи таҷрибаҳои













