Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами касбӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ бо иштироки меҳмони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дарси мазкур аз ҷониби Абдувалиева Айгуль Меймановна – директори молиявии лоиҳаи байналмилалии «Civic Engagement for Development» («Иштироки шаҳрвандӣ барои рушд») барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ», гурӯҳҳои «А» ва «Б»-и факултети молияи Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни машғулият масъалаҳои мубрами идоракунии молиявӣ, нақши сиёсати андоз дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт, такмили механизмҳои маъмурикунонии андоз, шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва аҳаммияти банақшагирии самараноки захираҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Меҳмони хориҷӣ дар раванди дарси намунавӣ ба масъалаҳои идоракунии маблағҳои лоиҳаҳои байналмилалӣ, таъмини ҳисоботдиҳии молиявӣ, назорати истифодаи мақсадноки захираҳо ва нақши низоми андозбандӣ дар ташаккули муҳити мусоиди иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, донишҷӯён бо ҷанбаҳои амалии идоракунии молиявии лоиҳаҳои рушд, аҳаммияти риояи интизоми молиявӣ, масъулияти андозсупорандагон ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар баҳисобгирӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни машғулият доир ба таҷрибаи байналмилалии идоракунии молиявӣ, хусусиятҳои татбиқи механизмҳои назорати молиявӣ ва нақши ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ барои таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани савияи касбии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи молия ва андозбандӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва илм ҷиҳати ҷалби коршиносону мутахассисони хориҷӣ, ташкили машғулиятҳои таълимии муштарак ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.












