БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ КОРШИНОСИ ҲУҚУҚИ КИБЕРӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ДБССТ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ бо иштироки Тимур Фаттахов – ҳуқуқшиноси соҳаи ҳуқуқи киберӣ, муассиси Fattakhov HR Agency ва Aidagis аз Федератсияи Россия баргузор гардид.
Машғулияти мазкур бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳ ташкил гардида, ба масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии муносибатҳои рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва хусусиятҳои татбиқи қонунгузорӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ бахшида шуд.
Зимни дарси намунавӣ коршиноси хориҷӣ доир ба масъалаҳои муосири ҳуқуқи киберӣ, таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар фазои маҷозӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истифодабарандагони технологияҳои рақамӣ ва механизмҳои ҳуқуқии муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти платформаҳои рақамӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи иттилооти махфӣ, таъмини амнияти муомилоти электронӣ ва зарурати такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти рақамикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни машғулият масъалаҳои марбут ба таҷрибаи Федератсияи Россия дар самти танзими ҳуқуқии фазои рақамӣ, нақши механизмҳои ҳуқуқӣ дар пешгирии таҳдидҳои киберӣ ва аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию рақамии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Илова бар ин, бо дарназардошти таҷрибаи соҳибкории меҳмони хориҷӣ, масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ, таъсиси ширкатҳои технологӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ дар муҳити рақамӣ ва аҳаммияти риояи талаботи ҳуқуқӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муҳокима гардиданд.
Баргузории чунин дарсҳои намунавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури ҳуқуқӣ ва таҳлилӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои касбии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва илм ба густариши ҳамкориҳо бо олимону коршиносони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ ва лексияҳои академӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти ҳуқуқ, технологияҳои рақамӣ ва соҳибкории инноватсионӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар