БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ НАМУНАВӢ БО ИШТИРОКИ КОРШИНОСОНУ ОЛИМОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДБССТ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва байналмилаликунонии раванди таҳсилот дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия дарсҳои намунавӣ баргузор гардиданд.
Дар машғулиятҳои мазкур мутахассисону намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Абдувалиева Айгул Меймановна – директори молиявии лоиҳаи «Civic Engagement for Development» («Иштироки шаҳрвандӣ барои рушд»), Абдувалиев Зарылбек Рубенович – шарики идоракунандаи ҶДММ «Крестон Бишкек» (Kreston Bishkek) аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тестина Яна Сергеевна – мудири кафедраи кишваршиносӣ ва туризми байналмилалӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дарсҳои намунавӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи Донишгоҳ ташкил гардида, масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди муосир, идоракунии молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, рушди устувор, сайёҳии байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти иқтисодию идоракунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, Абдувалиева Айгул Меймановна зимни машғулият бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ»-и факултети молия ба масъалаҳои идоракунии молиявии лоиҳаҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявӣ, банақшагирии буҷет ва нақши механизмҳои назорати молиявӣ дар таъмини рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, Абдувалиев Зарылбек Рубенович барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси «Менеҷменти бонкӣ» дар мавзуи «Бонкҳои исломӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» дарси намунавӣ баргузор намуда, доир ба хусусиятҳои фаъолияти бонкдории исломӣ, механизмҳои маблағгузории алтернативӣ, принсипҳои тақсими фоида ва хавф, инчунин таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар рушди хизматрасониҳои молиявии исломӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар навбати худ, Тестина Яна Сергеевна дар машғулиятҳо бо донишҷӯёни ихтисоси «Географияи иқтисодӣ» масъалаҳои рушди иқтисодии кишварҳо, равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин нақши омилҳои ҷуғрофӣ дар ташаккули муносибатҳои иқтисодӣ ва рушди соҳаи сайёҳиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Зимни дарсҳои намунавӣ ба масъалаҳои истифодаи усулҳои муосири таълим, ҳамгироии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни машғулиятҳо донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки бо таҷрибаи байналмилалӣ дар самтҳои молия, бонкдорӣ, иқтисодиёт ва сайёҳӣ шинос гардида, доир ба масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои дахлдор бо мутахассисони хориҷӣ мубодилаи афкор намоянд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бо иштироки олимону коршиносони хориҷӣ яке аз механизмҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба талаботи бозори меҳнати муосир ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва илм ҷиҳати ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар