9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА

     Рӯзи Пирӯзӣ – ҷашни пирӯзии ИҶШС бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941—1945 аст, ки 9 май дар Тоҷикистон, Россия, Белоруссия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ҶБВ ҳама мардуми шуравӣ ширкат карда ва дар пирӯзии Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз он ҷумла, аз Тоҷикистон дар набардҳои ҶБВ 58 ҳазор ҷанговар мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 кас аз размандагони Тоҷикистон бо баландпоятарин унвони давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.
    Пас аз ба поён расидани ҷанг, 9 май Рӯзи Пирӯзӣ — ҷашни расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар ҳама ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешуд.
     Тибқи омори расмӣ имрӯз дар Тоҷикистон иштирокчиёни ҶБВ ҳамаги 24 нафар ҳаёт ба сар мебаранд.
Рӯзи Пирӯзӣ дар ҶБВ (солҳои 1941—1945) яке аз ҷашнҳои давраи шуравӣ аст, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.
     Баргузории ид 9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
     Ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир» (аз Тоҷикистон 90 ҳазор ҷанговар дар амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтаанд) дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.
    Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
     Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорам.
     Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *