ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАФАР ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

   07 майи соли равон дар Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба хотири гиромидошти заҳматҳои шоёни фарзандони бо ору номуси Ватан, ки солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоӣ нишон додаанд, чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
   Муовини аввали ректори Донишгоҳ дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон додаанд, ёдовар шуд.
   Сипас, Худойқулов Ҳайдар – полковник, раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба ҷанбаҳои тарбиявии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва садоқати миллати тоҷик ба ватан маълумот дод. Инчунин, барои таваҷҷуҳ ва ташкили чорабинии тарбиявӣ ба хотири ин ҷашни бузург, миннатдории самимии хеш ва собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён намуд.
   Пас, аз барномаи фарҳангии чорабинии мазкур, меҳмонон бо “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *