ШИРКАТКУНАНДАГОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «МЕРОСИ СУҒДИ БОСТОНӢ» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ» (ДБССТ, 13-18 ОКТЯБРИ 2026) АЗ ЁДГОРИИ БОСТОНИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН – ҚАЛЪАИ ХУҶАНД ДИДАН КАРДАНД

Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни Конфронс-намоишгоҳи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» бо роҳбарии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷалилзода Ромиш Рустам аз Қалъаи Хуҷанд – яке аз ёдгориҳои муҳимми таърихию фарҳангии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» 11 апрели соли 2024 баъд аз азнавсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Қалъаи Хуҷанд яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб меравад ва қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Таърихи Қалъа тақрибан се ҳазор солро дар бар мегирад. Он бо таърихи қадимаи шаҳри Хуҷанд, инкишофи тамаддуни Осиёи Марказӣ ва муборизаи қаҳрамононаи Темурмалик бар зидди истилогарони муғул алоқаманд аст.

Имрӯз Қалъаи Хуҷанд ҳамчун як маҷмааи фарҳангию таърихӣ барои омӯзиши таърихи гузашта ва шиносоии мардум бо мероси ниёгон хизмат мекунад. Пас аз корҳои барқарорсозии дубора, маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» ҳамчун маркази омӯзиши таърих, муаррифии фарҳанги миллӣ ва рушди сайёҳӣ хизмат мекунад. Ҳифзи он вазифаи муҳимми ҷомеа буда, барои ба наслҳои оянда расонидани мероси пурғановати ниёгон аҳамияти калон дорад

Дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, коллеҷу литсейҳои тобеи ДБССТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Вазорати фарҳанги кишвар ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ намоишгоҳи бошукӯҳи идона марбут ба тамоми манотиқи мамлакат созмон ёфта буд. Пас аз тамошои намоишгоҳи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ», кори конфронс дар бахшҳо идома ёфт.

Маркази матбуоти Форум

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар