Дар рӯзҳои баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ мулоқот намуда, шартномаҳои нави ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум имзо намуд.
Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои дохиливу байналмилалӣ, рушди илму маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тадқиқот ба ҳисоб меравад.
Моҳияти асосии ин санадҳо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Ин ҳамкориҳо мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, баргузории конференсияву семинарҳо, такмили ихтисоси кадрҳо ва ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалиро фаро гиранд. Аҳаммияти ин ташаббус дар баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ, таҳкими мақоми байналмилалии он ва омода намудани мутахассисони баландихтисос зоҳир мегардад.
Дар рӯзҳои баргузории Форум дигар зерсохторҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо муассисаҳои марбутаи соҳавӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба тасвиб расониданд.
Имзои чунин санадҳо на танҳо таҳкими муносибатҳои шарикӣ, балки қадами муассир дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии донишгоҳ, рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ворид шудан ба фазои ягонаи байналмилалии илму маориф мебошад.
Маркази матбуоти Форум




























