МУКОФОТИ АМАЛ…
(дар ҳошияи сарфароз гардидани ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо мукофоти давлатии Ордени “Шараф” дараҷаи 2)
Зиндагии маънавии мо аслан ба кору пайкори шахсиятҳое такя мекунад, ки вуҷуди хешро барои рушди маърифат, таҳаммули илму фарҳанг бахшида, пайваста парчами худшиносиву худогоҳии маънавию таърихӣ, шинохти асолати миллиро бо роҳи омӯзиши таърих ва сарнавишти халқу миллат боло мебардоранд ва бо чароғи хираду заковати олии хеш дирӯзу имрӯз ва фардоро фурӯзону мунаввар медоранд.
Изҳори чанд сухан роҷеъ ба чунин нафароне, ки шиори зиндагию рӯзгорашон ва кӯшишу талошашон баҳри ободию рушду такомули меҳани азизамон равона гардидааст, омӯзанда ва боиси ибрату пайравист.
Тавре Ҳаким Аттори Нишопурӣ гуфтааст:
Кори олам ибрат асту ҳайрат аст,
Ҳайрат андар ҳайрат андар ҳайрат аст.
Оре, ҳама кори дунё барои инсони комил боиси ибрат аст, гарчанде гоҳо чунин ба назар мерасад, ки баъзе ҳодисаҳо тасодуфианд. Аммо ин тавр нест, ҳар як воқеаву ҳодисае, ки дар зиндагӣ ба амал меояд, қонунияти худро дорад.
Дастовардҳои тайи чанд соли охири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҳодисаи тасодуфӣ набуда, натиҷаи талошу заҳматҳои коллективи меҳнатӣ зери роҳбарии ректори ҷавону кордон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор мебошанд.
Як нуктаро махсус метавон таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати ҷавонон меҳрубонию ғамхорӣ зоҳир менамояд ва онҳоро ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ месозанд, зеро ба гуфтаи Мавлоно Ҷомӣ:
Дар ҷавонӣ сайъ кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Заҳматҳои самимонаву пайгиронаи Асрорзода Убайдулло Саттор самараи худро ба бор оварданд. Маҳз, бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи роҳбари ҷавон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳтарин ба яке аз муассисаҳои муътабар ва дорои зинаҳои гуногуни таҳсилот мубаддал гардид. Махсусан, фаъолияти густурдаи Донишкадаҳои байналмилалии назди Донишгоҳ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара, Институтҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, Марказҳои касбомӯзӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Коллеҷу литсейҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.
Заҳмату талошҳои Убайдулло Саттор дар самти амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба таври сазовор қадр гардиданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2019 бо медали “Хизмати шоиста” ва 29 августи соли 2024 бо мукофоти давлатии Ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки ректори ҷавон аз рӯзҳои аввали фаъолият ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии кормандону ҳайати омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд, аз љумла дар самти ҳавасмандгардонии моддиву маънавии онҳо саъю талош меварзид. Дар ин ҷода яке аз иқдомҳои мушаххас он буд, ки шахсони сазоворро ба мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ ва соҳавӣ пешниҳод менамуд, ба нафарони эҳтиёҷманд кумакҳои молиявӣ мерасонид. Ва умуман бо дасту забон кӯшиш менамояд, ки ҳайати кормандону омӯзгоронро дастгирӣ намояд.
Яке аз хислатҳои хоси Асрорзода Убайдулло Саттор аз он иборат аст, ки вай ба ҳар як ғаму шодии кормандон шарик буда, нисбати мушкилоти онҳо ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир наменамояд. Ӯ медонад, ки:
Камоли одамӣ дар илм бошад,
Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад.
Бо супориши ин роҳбари ҷавону ғамхор ва меҳрубону мушфиқ ба таври ҳамешагӣ ба кормандони пиру барҷомонда ва эҳтиёҷманд кумакпулиҳо дода мешаванд. Махсусан, Асрорзода Убайдулло Саттор, ки худ олими љавон аст, дар ҳамешагӣ ба олимону муҳаққиқони љавон дар раванди иљро ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои илмӣ кӯмаки амалии худро мерасонад. Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи амалии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти дастгрии занону бонувон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар љомеа кӯмаки молиявии мазкур барои занону бонувон як баробар зиёд аст. Ин кӯмаку дастгириҳои пайгиронаи Роҳбари љавони муассисаи таълимӣ ҳаст, ки танҳо дар се соли охир 46 нафар устодони љавон рисолаҳои номзадӣ ва 7 нафар устодон рисолаҳои докториро сарбаландона ҳимоя намуданд.
Кормандону омӯзгорони ба табобату муолиҷа эҳтиёҷдошта, бо мусоидату дастгирии бевоситаи роњбари муассиса аз ҳисоби маблағҳои махсус ба табобат фаро гирифта шуда, ба осоишгоҳу санаторияҳои кишвар фиристода мешаванд.
Дар баробари таваҷҷӯҳ ба сатҳи иҷтимоии кормандони донишгоҳ роҳбари ҷавони муассиса Асрорзода Убайдулло Саттор ҳамеша дар фикри дастгирии ятимону бепарасторон аст. Ин аст, ки дар ҳар иду ҷашнвораҳо бо ибтикор ва ташаббуси ин ҷавони дарёдил ба Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида мешаванд.
Айни замон дар Донишгоҳ як фазои орому осоишта ва барои фаъолияти самараноки устодону кормандон мусоид фароҳам оварда шудааст, ки бо камоли итминон метавон иброз дошт, ки дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии чунин марди фозилу донишманд Асрорзода Убайдулло Саттор ба даст омадааст.
Дар фароварди сухан ва бо истифода аз фурсати муносиб ба ин марди дарёдил барои шарафёб гардидан ба мукофоти давлатии Ордени “Шараф” дараҷаи 2 сиҳатии комил ва дар кору зиндагӣ барору пешравӣ ва муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно дорем.
РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ