Рушди иқтисоди сабз-омили муҳими татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи нави рушди иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистон аз иқтисоди сабз вобастагии амиқ пайдо намудааст. Ин раванд дар ояндаи наздик ба бахши калидии рушди иқтисодиёт табдил меёбад. Мафҳуми иқтисоди сабз аслан давоми ду даҳсолаи охир аст, ки тобиши илмӣ гирифта, вориди ҳавзаи илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Аммо, дар ҳамин муддати кӯтоҳи таърихӣ, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.
Ба вуҷуд омадани иқтисоди сабз ва рушди он на танҳо таваҷҷуҳи донишмандони соҳаи иқтисодиёт, балки ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, табиатшиносон, донишмандону муҳаққиқони соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва технологҳоро низ водор намудааст, то ба ин падида назари амиқтар афкананд.
Доир ба мафҳуми иқтисоди сабз таърифҳои мухталиф мавҷуд аст, аммо онро ба таври маъмул метавон дар шинохти иқтисодиёти наҷотбахши табиат, иқтисодиёти хусусияти некуаҳволидошта, иқтисодиёти бидуни зарарҳои экосистемаҳо ва сармояҳои вобаста ба онҳо маънидод намуд. Мавҷудияти иқтисоди сабз андешаҳои гуногуни илмҳои иқтисодиро фарогир буда, навгонии иқтисодӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, иқтисоди пас аз бозсозӣ, гуногунистеҳсолии безарари кишоварзӣ, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро вобаста ба ин дар бар мегирад.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 15 апрели соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, таъкид гардида буд, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об коркарди технологияҳои каммасраф, “энергетикаи сабз”, технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои радиоактивиро ҷиҳати рушди техника ва технологияҳои муосир вусъат бахшанд.
Илм бо мурури замон рушд меёбад ва фаҳмишҳои илмӣ низ вобаста ба мавҷудият, моҳият, хусусият, афзалият ва дурнамои рушди иқтисоди сабз якранг набуда, характери мухталифиро ба худ касб карда истодаанд. Аммо андешаи меҳварӣ ин аст, ки дар фазои имрӯз ва оянда барои инсоният мавҷудияти иқтисоди сабз ва рушди он бисёр заруриву актуалӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳолати рушди босубот қарор дорад. Аз сӯи дигар назар афканем, рушди ояндаи Тоҷикистонро бидуни иқтисоди сабз тасаввур кардан ғайриимкон аст. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар кишвари мо рушди соҳа беҳбуд бахшида шуда, иқтисоди сабз ба унсури аслии инкишофи иқтисодёти миллӣ табдил ёбад.
Феълан дар Тоҷикистон иқтисоди сабз метавонад дар заминаи ташаккули низоми «энергияи сабз», «долонҳои сабз», «сайёҳии сабз», «саноати сабз», «такрористеҳсолнамоии кишоварзӣ» густариш ёбад. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, Ҳукумати мамлакат ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» ҷараёни бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор»-ро тезонида, тавлиди энергияи сабзро вусъати тоза бахшад.
Ҳамзамон дар ин масир бобати бунёди неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод», «Чарсем» ва хатҳои интиқоли барқ аз ин неругоҳҳо тадбирҳои созандаро рӯи даст гирад. Илова бар ин, бахши дигари рушди иқтисоди сабзро дар истифодабарии самараноки энергияи бодӣ ва офтоб, ки кишвари мо аз лиҳози ҷуғрофӣ барои истифодаи ин имкониятҳо дорои шароити мусоид мебошад, фарогир мебошад.
Бунёди силсилароҳҳои хусусияти байналмилалидошта имкониятеро ба вуҷуд оварда, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил гардида, рушди «долонҳои сабз» дар мамлакат амалӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки бахши дигари инкишофи иқтисодиёти миллиро даромадҳо аз ҳисоби «долонҳои сабз» таъмин намояд.
Тайи чанд соли охир ба масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Сохтори татбиқкунандаи сиёсати сайёҳӣ низ дар назди Ҳукумати мамлакат таъсис ёфта, инфрасохтори соҳа марҳила ба марҳила бунёд гардида истодааст. Айни замон, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, мо имкони ҷалби зиёди сайёҳонро ба мамлакат доро ҳастем. Аз сӯи дигар, рушди иқтисоди сабз ба воситаи бунёди обанборҳои сунъӣ дар силсиладарёҳои Тоҷикистон ва бунёди мавзеъҳои сайёҳӣ шароитеро фароҳам меоварад ки кишвари мо ба минтақаи сабз табдил дода шавад. Дар ҳамин росто, ҳамон тавре ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, Тоҷикистон то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил дода хоҳад шуд.
Дар раванди вусъатёбии иқтисоди сабз ба арзишҳои истеъмолӣ ва сифатнокии маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, беҳдошти муҳити зист ҳимоя карда мешавад. Ҳамзамон, исрофкории иқтисодӣ аз байн хоҳад рафт.
Барои мисол, агар низоми нақлиётии Тоҷикистон ба нақлиёти электронӣ пурра гузарад, вобастагии мамлакати мо аз сӯзишвории нақлиётӣ, ки хусусияти воридотӣ дорад, аз байн рафта, имкониятҳои иқтисодӣ бо истифода аз манбаъҳои энергетикӣ дар дохил гардиш ёфта, исрофкориҳои иқтисодӣ коҳиш меёбанд.
Дар раванди ташаккули иқтидорҳои иқтисоди сабз шароите муҳайё мегардад, ки фаъолноккунонии иқтисодӣ ва маърифати молиявии ҷомеа рушд ёфта, унсурҳои худсозии иқтисодии шаҳрвандон хусусияти ташаккулёбиву инкишофпазириро бо худ касб намуда, сатҳи камбизоатӣ бомаротиб поён хоҳад ёфт.
Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолгардонии иқтидорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз раванди мусбӣ дошта, мо боварии комил дорем, ки ин ҷараён дар ояндаи наздик кишварро аз вобастагиҳои иқтисодӣ ба таври мунтазам раҳо менамояд.
Аз ҷумла дар доираи иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентября соли 2022 ба тасвиб расид.
Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ намудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.
Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба панҷ марҳила тақсим мегардад:
– марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди «сабз», таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;
– марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029-2031 ва солҳои 2032-2034) чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди «сабз» дар кишварро дар бар мегирад;
– марҳилаи панҷум (солҳои 2035-2037) чорабиниҳо дар самти рушди иқтисоди «сабз», нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила бозори рушдкардаистодаи сармоягузории «сабз» дар кишвар ташаккул меёбад.
Дар ин асосҳо ва бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди амалисозӣ қарор мегирад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳи сифатан баланд бардоштани тамоми иқтисоди миллӣ ва таъмини некуаҳволии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар доираи амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сатҳи 30 фоиз расонида мешавад ва дар баробари ноил гардидан ба ин нишондиҳанда амалишавии васеи иқтисоди «сабз» дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ кардан мумкин аст.
Дар соли 2021 теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 2 386 адад расонида шудааст, ки аз он 291 адад корхонаҳо дар самти саноати истихроҷ, 1 931 адад корхонаҳо дар самти саноати коркард, 72 адад корхонаҳо дар самти таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 92 адад корхонаҳо дар самти таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасӣ ба коркарди дуюмдараҷа фаъолият менамоянд.
Дар тӯли панҷ соли минбаъда (то соли 2026) таъсиси зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ (ба ҳисоби миёна 175 корхона дар як сол) ва расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ба экология партовҳои корхонаҳои кимиёвӣ, ки 35 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо дар як сол ташкил медиҳад, таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, дар раванди рушди иқтисоди «сабз» коркарди партовҳои сахти маишӣ ва саноати муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ мегардад.
Дар баробари расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳол ҳам мушкилотҳои ин соҳа ба назар мерасад, ки беҳбуд бахшидани он аз ҷониби коршиносон ва олимони соҳа маъулияти баландро тақозо менамояд:
– сатҳи нокифояи истифодаи технологияи муосири каммасрафу бепартов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мушкилоти нигоҳдорӣ ва коркарди партовҳои сахти маишию саноатӣ; – мукаммал набудани стандартҳои экологӣ нисбат ба фаъолияти корхонаҳои саноати истихроҷ ва коркард;
– сатҳи нисбатан пасти роҳандозии менеҷменти экологӣ дар корхонаҳои саноатӣ;
– истифодаи таҷҳизоти фарсуда ва энергияталаб дар баъзе корхонаҳои соҳаи саноат;
– ақибмонии техникию технологӣ ва дараҷаи баланди фарсудашавии моддию маънавии таҷҳизоти саноатӣ дар корхонаҳое, ки то давраи истиқлоли ҷумҳурӣ сохта шудаанд;
– коркарди нокифояи саноатии маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза;
– сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти саноатӣ;
– норасоии мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи баланд ва менеҷменти миёнаи дорои донишҳои самти иқтисоди «сабз»;
– сатҳи нокифояи ҳамкориҳои дохиливу байниминтақавӣ ва рушди муносибатҳои кластерӣ вобаста ба роҳандозии истеҳсолоти бепартов.
БОБОЕВ А.М.-н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *