Дар шароити муосири ҷаҳонишавии таҳсилот густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Бо ин ҳадаф, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии хешро дар доираи муқаррароти созишномаҳои ҳамкорӣ тақвият бахшида истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзова санаи 28 сентябри соли ҷорӣ 17 нафар донишҷӯёни фаъолро ҷиҳати иштирок дар барномаҳои табодули академӣ дар семестри тирамоҳии соли таҳсили 2023-2024 сафарбар намуд.
Ҳадафи асосии табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи хориҷии таҳсилот, баланд бардоштани салоҳиятнокии касбӣ, мутобиқат пайдо намудан ҷиҳати таҳсил дар фазои ҷаҳонии таҳсилот ва омӯзиши усулҳои нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ мебошад.
Дар ин сафар, донишҷӯёнро декани факултети муштараки Донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия Раҳимов Ҷ.О. ҳамроҳӣ намуда, масъалаи тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо, будубош ва таҳсили донишҷӯёнро баррасӣ хоҳад намуд.
Ҳамин тавр, сафарбаркунии донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ба Кореяи Ҷанубӣ (Донишгоҳи байналмилалии Ҷеҷу), Ҷумҳурии мардумии Чин (Донишгоҳи илм ва технологияи Шаанси), Ҳиндустон (Донишгоҳи менеҷменти меҳмондории Мумбай), Федератсияи Россия (Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия) ва Қазоқистон (Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв) идома дорад.
Раёсати байналмилалии ДБССТ