Дар ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории      
Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024,         
протоколи № 1 тасдиқ шудааст                  

НИЗОМНОМАИ
Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Шурои олимон мақоми олии худидоракунии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (минбаъд – Донишгоҳ) ба ҳисоб рафта, роҳбарии умумии Донишгоҳро анҷом медиҳад ва масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳро баррасӣ менамояд.
2. Шурои олимони Донишгоҳ дар назди ректор таъсис дода мешавад.
3. Вазифаҳои асосии Шурои олимони Донишгоҳ:
– муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ;
– дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– татбиқи амалии фармону дастур ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти болоӣ, ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт;
– мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
– тасдиқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Донишгоҳ, Оиннома ва Низомномаи филиалҳои Донишгоҳ, Низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, Дастурамалҳои вазифавии кормандон ва омӯзгорон;
– муқаррар намудани имтиёзҳои дохилӣ ба ҳайати кормандону
омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёну хонандагони литсейи Донишгоҳ;
– ҷонибдории номзадҳо барои муқаррар намудани намудҳои гуногуни имтиёзҳои дохилӣ ба кормандону омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёну хонандагони литсейи Донишгоҳ;
– такмили идора ва сохтори Донишгоҳ, аз ҷумла, ташкилкунӣ ва барҳамдиҳии филиал, факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимию илмӣ;
– назорат аз болои қарорҳои қабулшуда.
4. Раисии Шурои олимони Донишгоҳро ректори Донишгоҳ ба ӯҳда дорад.
5. Шурои олимони Донишгоҳ дар ҳайати зерин ташкил карда мешавад:
– ҳайати асосии Шурои олимони Донишгоҳ: ректор, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, мудири китобхона, сардорони раёсати таълим, тарбия ва илм, мудири шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дигари Донишгоҳ муайян карда мешавад.
– мудирони кафедраҳои факултет, намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, ки аз ҷониби Шурои олимони факултет пешбарӣ мешаванд, (ба ҳайати намояндагони факултетҳо кормандони илмӣ, докторантҳо, аспирантҳо низ шомил шуда метавонанд) 50% фоизи ҳайати умумии Шурои олимони Донишгохро ташкил медиҳанд.
6. Ҳайати Шурои олимони Донишгоҳро ректори Донишгоҳ тибқи фармоиш ба мӯҳлати 3 (се) сол тасдиқ менамояд. Ҳангоми аз ҳайат баромадан (бозхондан)- и аъзои Шурои олимони Донишгоҳ то анҷоми мӯҳлати салоҳияти Шӯро, пурра кардани ҳайати он дар оғози соли таҳсил бо ҳамон тартибе, ки Шурои олимони Донишгоҳ ташкил карда мешавад, сурат мегирад.
7. Шурои олимони Донишгоҳ:
– доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд;
– натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию тадқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад;
– ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва корҳои тарбиявии тайёр кардани мутахассисон (дар факултетҳо) ва фаъолияти ҷамъиятҳои илмии дар назди Донишгоҳ қарор доштаро мешунавад;
– факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди Донишгоҳ истодаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд;
– нақшаҳо ва барномаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисонро тасдиқ намуда, номгӯйи барномаҳоеро, ки тарбияи махсуси мутахассисонро дар ҳаҷми 15 фоизи ҳаҷми умумии вақти таҳсил барои инъикоси фаврии дастовардҳои навтарини илму техника дар мазмуни таълим, инчунин хусусиятҳои кори ояндаи мутахассис муайян шудаанд, муқаррар ва тасдиқ менамояд;
– масъалаҳои ташкили раванди таълим аз ҷумла тағйири таносуби машғулиятҳои гуногуни таълимиро танзим намуда, инкишофи корҳои мустақилона ва амалии донишҷӯёнро пешбинӣ ва ҳаллу фасл менамояд;
– меъёрҳои намунавии вақтро барои ҳисоби ҳаҷми умумии корҳои таълимӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон иҷро мешаванд, тағйир медиҳад ва пурра мегардонад;
– номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои номӣ ва инчунин идрорҳои Шурои олимони Донишгоҳ аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони Донишгоҳ ва магисрантон тавсия менамояд;
– барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад;
– дар асоси арзёбии самараноки фаъолияти илмию ташкилии шуъбаҳои таълим, тарбия ва илм доир ба мувофиқи мақсад будан ва ё барҳам додани онҳо қарор қабул менамояд;
– номзадҳоро барои дохил шудан ба докторантура, гузаронидан ба вазифаи ходими хурд ва калони илмӣ, инчунин додани рухсатии эҷодии 3-моҳа, 6-моҳа ва яксола барои ба анҷом расонидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ тавсия намуда, мавзӯи рисолаҳои номзадиву докториро тасдиқ менамояд;
– барои ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад;
– харҷномаи даромад ва хароҷоти ғайрибуҷавии Донишгоҳро муҳокима ва тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи иҷрои харҷномаи мазкурро мешунавад ва хулосагирӣ мекунад;
– масъалаҳои дигари ба фаъолияти Донишгоҳ марбутро баррасӣ менамояд;
– ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагиро мешунавад ва онро тасдиқ менамояд;
– ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибии Донишгоҳро тасдиқ мекунад;
– дигар масъалаҳое, ки аз вазифаи оинномавии Донишгоҳ бармеояд, баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд.
8. Фаъолияти Шурои олимони Донишгоҳ мутобиқи нақшае, ки таҳия мегардад, сурат мегирад.Нақшаи кории Шурои олимони Донишгоҳро ректори Донишгоҳ пас аз барррасии он дар Шурои олимон тасдиқ менамояд.
9. Қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ оид ба ҳамаи масъалаҳои таълимию илмӣ бо роҳи овоздиҳии ошкоро, бо ҷонибдории аксарият қабул карда мешавад, вале ҳангоми гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаи мудири кафедра, вазифаи озоди ҳайати устодону омӯзгорон ва ҳайати илмӣ, додани унвонҳои дотсент, ходими калони илмӣ ва профессор овоздиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида (пинҳонӣ) сурат мегирад.
10. Қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз тарафи ректори Донишгоҳ ба тавсиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад.
11. Қарори Шурои олимони Донишгоҳ дар ҳалли масъалаҳои ишғоли вазифа дар сурате қабул карда мешавад, ки агар ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои Шурои олимони Донишгоҳ, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, овоз диҳанд.
12. Ҳангоми баробар шудани овозҳо ё нагирифтани миқдори зарурии овозҳои аъзои Шурои олимон, пас аз фосилаи як моҳ дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи мазкур аз нав муҳокима гардида, мавриди овоздиҳӣ қарор дода мешавад.
13. Маҷлисҳои Шурои олимони Донишгоҳ дар протокол қайд карда мешавад. Ба протокол раиси Шӯро ва котиби он имзо мегузоранд.
14. Раиси Шурои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шурои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он ҳар шаш моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳ гузориш медиҳад.
15. Ректори Донишгоҳ дар мувофиқа бо муассис ва бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин метавонанд қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳро бекор намояд: – агар қарори қабулшуда хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону қарорҳои мақомоти болоӣ бошад;
– агар қарори қабулшуда ба ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти илмию методии Донишгоҳ зараровар бошад.