18 ноябри соли 2023 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А. дар ҷаласаи тантанавӣ ва конфересияи илмӣ-амалии байналмилалӣ, бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзов иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, табрикнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳро бахшида ба 80-умин солгарди таъсисёбии муассисаи таълимӣ ба ректори Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон тақдим намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи Форуми 2-юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 13-14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, созишномаи нави ҳамкорӣ байни ДБССТ ва муассисаи болозикр ба имзо расонида шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи муқаррароти созишномаи мазкур айни замон 17 нафар донишҷӯи донишгоҳ тавассути барномаи табодули академӣ дар Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ба номи М. Ауэзова таҳсил намуда истодаанд. Муассисаи мазкур ҳамчун шарики стратегии ДБССТ пазируфта шуда, марҳила ба марҳила муқаррароти дигари созишнома низ амалӣ мегарданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Comment