ПАЁМ – ЗАМИНА ВА АМАЛИШАВИИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ буда, тамоми паҳлӯҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дар бар мегирад.
Тавре ҳамватанони азиз огоҳанд, имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки бо вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ нашавад. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои манфӣ дар ҷомеа ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат, дар тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишвар, ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Тавре аз нуқтаҳои баррасишавандаи Паёми Пешвои миллат маълум гардид, аз оғози давраи Истиқлоли миллӣ дар саросари кишвар иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба нақша гирифта шуда, ки бештари онҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш мутаълиқанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд ва ҳазорон ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳайё карда шуд. Тибқи таҳлилҳо аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар соли 2024 дар доираи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 20 пули бузург, 3 нақб дар кишвар ба миқдори 4, 6 милиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳамкории судманд ба соҳибкорону шахсони саховатманд тақвият ва дастгирии молиявии онҳо ва фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбуб, баҳри талош ва кӯшиши бевоситаашон барои зиндагии осоишта ва ҳамчунин аз дастгирии бевоситаи СММ ва шарикони молиявии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ изҳори сипос намуданд.
Маҳаки Паёми имсола аз масъалаҳои муҳими соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон алалхусус, 2550 – солагии Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО, мубориза бо терроризму экстримизм, бегона нашудани фарҳанги миллӣ, ҷаҳолату хурофот, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон манзалати зан – Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеаи муосир, гузаштан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таъсис ва сохтмони муассисаҳои фарҳангию илмӣ, ҳамгироии илм ба истеҳсолот ва фаъолияти ҷавононро дар бар мегирад.
Дар Паёми Роҳбари давлат вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо бахусус, дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронида шуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз ибрози андеша карда, ин масоили муҳими таъсиргузорро бо таҳлили амиқ ҷиҳати рушд бахшидани ҷомеа таъкид намуданд.
Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир, ки мо бояд қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя кунем, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем, -таъкид намуданд, Роҳбари давлат.
Дар ин маврид ҳамчунин, истифода ва тақвияти самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиш ва таъмини маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронӣ низ таъкид гардиданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ҷаҳон соҳаи афзалиятнок – соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур сол то сол дар кишвар тариқи ҳамкориҳои пайваста густариш дода мешавад. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид.
Дар Паёми имсола бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешида шаванд. Дар ин радиф зикр шуд, ки шумораи воридшавии сайёҳон имсол 1 миллиону 400 нафарро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ 12% афзудаааст.
Зимнан соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зикр шуд, ки то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 48 адад ва донишҷӯён ба 214 ҳазор нафар мерасад.
Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Вазорати маориф ва илм ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
То имрӯз 260 озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ доир гардид. Аз ҷумла, имсол дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ 1000 нафар соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 42 ҳазору 400 нафар донишҷӯёни мо дар 42 давлати ҷаҳон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Зимнан 30% донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, занону духтарон мебошанд.
Тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷӣ мамлакат вусъат бахшида шуд. Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи гирандагони стипендияи президентӣ хеле зиёд гардид. Ҳамчунин, барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо соҳиби ин ҷоиза мегарданд.
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2024 ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда шуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии атестатсионӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷӣ кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯйи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро таҷдиди назар карда, дар муддати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо пайваста таҳким бахшида шуд. Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.
Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Вале бояд гуфт, ки тибқи таҳлилҳо сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад, вале аз рӯйи маълумот қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонида намешавад, таъкид дошти Сарвари давлат.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намудан аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад.
Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки вакилони ҳамаи сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳамчун шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама, худашон бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, нақши худро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ софдилона иҷро намоянд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо содиқонаву ватандӯстона саҳм гузоранд.
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Роҳбари давлат чораҷӯӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия изҳори андеша ва хотиррасон карданд ва афзуданд, ки ин тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.
Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Ширинзода Н.А. номзади илмњои филологї, и.в. директори МД «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *