Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ИНСТИТУТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИҚТИСОДИ САБЗ
Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли соли 2024 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз дар ҷумҳурӣ мебошад.
Институт бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба бештар ва ҳадафмандона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари “сабз”, ҳамчунин амалисозии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таъсис дода шудааст ва шумораи ниҳоии кормандони он бо теъдоди 79 воҳиди корӣ бо дар назар доштани ҳайати хизматрасонии техникӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳадафҳои асосии институт ин рушди нерӯи илмӣ ва дастгирии сиёсати рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Институт фаъолияти худро дар якчанд самтҳои калидӣ ба роҳ мондааст, ки ҷанбаҳои асосии рушди устувор ва иқтисоди сабзро фаро мегиранд:
Институт бо муассисаҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, лоиҳаҳоро, ки ба ташаккул ва рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Тоҷикистон равона шудаанд, таҳия ва татбиқ мекунад.
Дар моҳҳои сентябр-декабри соли 2024 аз ҷониби кормандони Институт (алҳол 10 нафар, аз он ҷумла 7 докторон ва номзадҳои илм) 3 монография ва зиёда аз 100 адад мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ чоп гардид. Ҳамчун бо 4 муассисаҳои Умҳурии Мардумии Чин ва Олмон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштрак шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.