Таҳти чунин унвон санаи 17-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва  соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмӣ амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили муосири экологӣ бо ҳадафи рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ » бо ишироки намояндагони макотиби олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Британияи Кабир, Исроил, Мексико ва Малайзия баргузор гардид.

      Сараввал сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, Бобоев А.М. суханронӣ намуда муҳимияти баргузории конфронси мазкурро аз тадбирҳои муҳими илмии донишгоҳ унвон кард, ки мақсади он пайгирии яке масъалаҳои муҳими глобалӣ, яъне таъмини беҳдошти экологӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад.

      Қайд гардид, ки омӯхтани дониш ва маърифати экологӣ, ки яке аз масъалаҳои асосии тайёр намудани мутахассисони оянда, таъмини амнияти экологӣ, масъалаи об ҳамчун сарчашмаи муҳимтарини ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.

       Сипас муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Рахимов М.А. суханронӣ намуда ба кори корфонс ҳусни оғоз бахшид.

      Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои беҳдошти экологии минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар масъалаҳои  вобаста ба об, ки таъмини беҳдошти экологӣ ва сиҳатии омма ба он ҳамбастагӣ дорад, пешсаф буда, талошҳои пайвастаи сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо мекунад.

       Айни ҳол Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои экологӣ ва об ба хубӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошанд. Аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва  солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд. Ин иқдомоти бузург Пешвои миллати моро ба ҳайси сиёсатмадори инсондӯст ва ҳомии сокинони эҳтиёҷманду осебдидаи ҷаҳон ба ҷомеаи мутамаддин муаррифӣ сохтанд.

      Хурсандиовар он аст, ки дар партави  боз як ташаббуси беназири Тоҷикистон ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт, яъне эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таъсис додани “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро метавон ёдовар шуд.  

    Дар кори конференсия, тариқи маҷозӣ ноиби президенти палатаи савдо ва технологияи Мексикаву Чин, профессори мактаби муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракуни давлатӣ, узви Шурои машваратӣ оид ба таҷрибаи савдои ғайриодилонаи Вазорати иқтисодиёти Мексико, ҷаноби  Густаво Алехандро Уручурту Чаварин дар мавзўи “Масъалаҳои савдо дар Амрикои Шимолӣ” маърўза намуд.

     Сипас аз Ҷумҳурии Исроил таҳиягари калони нармафзор дар ширкати Нвидия, коршиноси масоили барномарезӣ дар бахши масоили ҳифзи муҳити зист Янина Заславская Афек дар мавзўи “Таъсири башарият ба муҳити зист, сиёсати экологӣ, манзараҳо ва масъалаҳои ҳифи намудҳои зери хатар қарордоштаи олами ҳайвонот ва наботот”, аз Бритонияи Кабир Ҷаноби Дэн Боди, мушовири бахши маориф, дар мавзўи “Масъалаҳои иқтисодиёти глобалӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии Малайзия, хонум Нор Анира Бинти Зулкифли дар мавзўи “Таъсири иқлим ба рушди иқтисодии Малайзия” ба маърўзаҳо баромад намуданд.

     Ҳамзамон дар кори конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Муҳаббатов Х.М., коршиноси масоили экологии институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ҳ. Асоев иштирок, доктори илмҳои табиатшиносӣ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ Маҷидов Ҳ. дар ҷаласаи пленарӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар фарҷоми кори конференсия аз ҷониби иштирокчиён саволу ҷавобҳои мушаххас ба роҳ монда шуда дар рафти музокирот қатъномаи ягона нисбат ба натиҷаи он қабул карда шуда маълумотҳои зарурӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда мешаванд.