БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АЗ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ”

   Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динии кишвар (09.03.2024) 6 майи соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” семинари назариявӣ ва амалӣ дар мавзуи “Хатароти хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ: масъалаҳо ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид.
    Дар ифтитоҳи симинари мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Гулрӯ Қаландарзода иброз дошт, ки мулоқоти навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, намунаи беҳтарини густариши робитаи ҳокимият бо ҷомеа мебошад.
   Пешвои муаззами миллат дар суханронияшон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз баррасии дурусту мувофиқи онҳо тақдири имрӯзу ояндаи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо вобастагии амиқ дорад.
  Сипас аз ҷониби сухангӯи асосӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мутахассиси соҳа, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла моҳият, зарурат ва аҳамияти мулоқоти хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, миқёси воқеии таҳдиди хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ, шарҳи вазифаҳои наве, ки дар ин мулоқот дар назди қишрҳои гуногуни ҷомеа гузоштаанд, нақш ва вазифаҳои қишрҳои таъсиргузори ҷомеа дар пешгирии таҳдиду хатарҳои зикршуда таҳлилу арзёбӣ гардид.
   Дар идома таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри таъмини зиндагии пурнишот, пеш аз ҳама, баҳри таҳкими сулҳу субот, муқовимати устувор нишон додан ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолу соҳибватанӣ мавқеи фаъоли хизмативу шаҳрвандӣ дошта бошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *