МУКОФОТҲО МУБОРАК БОШАНД!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки як қатор кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои маорифу илм ва дастовардҳои назарраси касбиву илмӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бо медали «Хизмати шоиста»:

Бодурова Г.Г. – муовини директори Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ;

Носиров У. – муовини директори Институти таҳсилоти фосилавӣ ва муттасили ДБССТ;

Пирназарзода Д. – муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии ДБССТ.

Бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон:

Ҷалилзода Р.Р. – муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии ДБССТ.

Роҳбарият ва ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамаи мукофотгирифтагонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаи касбиву илмӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар