РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО MERI CENTRE FOR INTERNATIONAL STUDIES

10 сентябри соли 2026 ҳайати роҳбарикунандаи Маркази таҳқиқотию таҳлилии MERI Centre for International Studies ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҳайати меҳмонон профессор Рамакант Двиведи – роҳбари Маркази таҳқиқоти кишварҳои ИДМ-и MERI (MERI CIS) ва директори TAEE ва Лув Аггарвал – директори иҷроияи MERI Startup Hub шомил буданд.

Меҳмононро ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода самимона истиқбол намуда, бо дастовардҳо, имкониятҳои таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир, раванди рақамикунонӣ ва фаъолияти инноватсионии муассиса шинос намуд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самтҳои илму таҳқиқот, табодули академӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, рушди стартапҳо, технологияҳои рақамӣ, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин баргузории чорабиниҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои густариши ҳамкорӣ бо дастгирии India–Central Asia Foundation ва таҳкими робитаҳои илмӣ ва академии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Натиҷаи муҳими мулоқот ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳ ва MERI Centre for International Studies гардид, ки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак заминаи нав фароҳам меорад.

Ташрифи меҳмонон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ арзёбӣ гардида, барои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат имкониятҳои нав фароҳам месозад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар