Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
МАЪЛУМОТ ОИД БА ИХТИСОСҲОИ КАФЕДРА
Дар кафедра омодасозии мутахассисон аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
1-260202.00 – МЕНЕҶМЕНТ
Менеҷер – мутахассисе мебошад, ки фаъолияти менеҷментро амалӣ менамояд. Менеҷер – корманди масъули корхона мебошад, ки дар таҳия ва қабули қарорҳои идоракунӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ салоҳиятнокии менеҷер баҳри иҷрои вазифаҳои зерин равона мегарданд:
1-260203.00 – МАРКЕТИНГ
Маркетолог мутахассисе мебошад, ки дар асоси гузаронидани тадқиқотҳои маркетингӣ тақозои истеъмолкунандагонро омўхта, бозорҳои фурўшро муайян менамояд ва ба роҳбарияти корхона оид ба истеҳсоли моли мушаххас ва имкониятҳои фурўши он тавсияҳо пешниҳод мекунад. Салоҳияти касбии маркетолог – ин омўзишу таҳлили бозор бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самарабахш ва фоиданоки корхона дар шароити рақобати бозорӣ мебошад.
Вазифаҳои маркетолог:
1-260201.01 – «БИЗНЕС – МАЪМУРИЯТЧИГӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ХИЗМАТ»
Вазифаи хатмкунандагони ихтисоси “Бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат” бошад- ин таъмини идоракунии самараноки ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ (бизнес), иштирок дар ташкили фаъолияти идоракунии ширкат (менеҷмент), такмили раванди идоракунӣ. Дар кафедра дар қатори фанҳои тахассусӣ омўзиши фанҳои дигари таълимӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки барои барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ ҳамчун фанни умумикасбӣ пешбинӣ шудаанд.
Кафедраи менеҷмент ва маркетинг барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони оянда тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз ҷиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад. Дар назди кафедра 3 синфхонаи методӣ мебошад, ки онҳо бо тахтаҳои электронӣ, аёниятҳо ва проектор муҷаҳҳаз мебошанд. Инчунин, кафедра ҷиҳати истифода дар раванди таълим як проектори сайёр ва ноутбук дар ихтиёр дорад.
1-260202.02 – «Менеҷменти байналмилалӣ»
Менеҷери байналмилалӣ яке аз ихтисосҳои замони муосир ба шумор меравад, ки ба қабули қарорҳои идоракунӣ дар ширкатҳои байналмилалӣ машғул гардида, инчунин бо мақомоти давлатӣ оид ба қабули қарорҳои иқтисодӣ дар соҳаи банақшагирӣ ва пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ҳамкорӣ менамояд.
Менеҷерони байналмилалӣ стратегияи рушди корконаҳо ва ташкилотҳои байналмилалиро тарҳрезӣ намуда, раванди пешбурди фаъолияти онҳоро ташкил, идора ва назорат менамояд. Менеҷери байналмилалӣ дар ширкатҳои тиҷоратии байналхалмилалӣ, корпоратсияҳои фаромиллалӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
1-26020203 – Менеҷменти инноватсионӣ
Менеҷери инноватсионӣ касби насли нав дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ба шумор меравад, ки ба фаъолиятҳои банақшагирӣ, тарҳрезӣ ва амалисозии равандҳои инноватсионӣ машғул мегардад.
Вазифаҳои менеҷери инноватсионӣ чунинанд:
БАРНОМАИ МАГИСТРИИ КАФЕДРА АЗ РЎИ РАВИЯИ 26020200 «МЕНЕҶМЕНТ» ВА 26020300 “МАРКЕТИНГ”
Барномаи магистрии кафедра аз рўи равияҳои 26020200 «Менеҷмент» ва 26020300 “Маркетинг”
Кафедраи менеҷмент ва маркетинг омода намудани магистронро аз рўи равияи 26020200 «Менеҷмент» ва 26020300 “Маркетинг” тањсил бо забони тољикї, русї ба роњ мемонад.
Магистри равияи 26020200 «Менеҷмент» ва 26020300 “Маркетинг”- мутахассиси баландихтисоси касбї буда, донишњои муосири касбї ва илмиро дар соњаи менеҷмент ва маркетинг дорост. Ў аз равандњои муосири идоракунии корхонаю ташкилотҳо, иќтисодиёт ва банақшагирии бизнес дар тамоми соҳаҳо, бархўрдор буда малакаи кор дар соњаи идоракуниро дорад. Магистри равияи 26020200 «Менеҷмент» озодона забони хориљї (русї) -ро аз худ намуда барои гузаронидани корњои мустаќилонаи илмию тадќиќотї, педагогї, њамчунин тањсил дар аспирантура ва докторантура омода карда мешавад.
Пас аз хатми барномаи магистрии кафедра хатмкунандагони мо метавонанд тадќиќотчии баландихтисос шуда дар шўъбањои тањлилии маќомотњои давлатї ва мањаллї ё корхона ва ташкилотњои алоњида фаъолият намоянд.