Иштироки дастаи волейболбозони Донишгоҳии байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе“
15 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе“ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ дастаи волейболи бонувони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо ифтихор ва омодагии комил ширкат варзид. Ҳадафи иштирок дар ин мусобиқа на танҳо намоиши маҳорати варзишӣ, балки тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию ҳамкории байни ташкилоту муассисаҳо ва рушди варзиш миёни бонувони кишвар мебошад.
Маросими ифтитоҳии мусобиқа дар фазои тантанавӣ ва бо ҳузури намояндагони роҳбарияти шаҳр, варзишгарон ва ҳаводорони варзиш баргузор гардида, ҳозиринро ба ҳавасмандии бештар барои иштироки фаъолона дар ин мусобиқа ташвиқ намуд.
Дастаи бонувони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди варзишӣ ва омодагии ҷиддӣ вориди рақобатҳо шуда, барои намоиши бозии зебо ва натиҷаҳои шоиста талош хоҳад кард.