БУРСИЯИ ТАҲСИЛОТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025

БУРСИЯИ ТАҲСИЛОТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025
Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон бурсияи таҳсилотиро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зинаҳои бакалавр (BA), магистратура (MA) ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар соли таҳсили 2024-2025 эълон намудааст.
Иштирок дар бурсияҳои таҳсилотӣ имконоти зеринро фароҳам месозад:
1. Таҳсили ройгон дар тамоми давраи барномаи таълимии интихобшуда;
2. Стипендияи ҳармоҳа дар тамоми давраи таҳсил вобаста ба муваффақияти таълимии донишҷӯ;
Барои маълумоти иловагӣ ва пур намудани анкета ва дархости маҷозӣ то 20 майи соли 2024 ба раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ муроҷиат намоед (iutet.tj@gmail.com).
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Душанбе, 05.04.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *