06 декабри соли 2024 ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Зоирзода И.С. иштирок намуд.
Дар ҷаласаи Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ ҳисоботи солонаи раиси Шуро вобаста ба фаъолият дар соли 2024 шунида шуд.
Муовини ректор дотсент Зоирзода И.С. фаъолияти Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти Шуро ба масъулин дастуру супоришҳои мушахас дод.
Масъалаи дигари ҷаласа, ки аз интихоби Раиси нави Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иборат буд, бо пешниҳоди аъзои Шуро н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва фарҳанг Гурезов Ҷамшед Нурмаҳмадович раиси нави Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон интихоб гардид.