02 марти соли 2025 дар фазои озоду демократӣ, интихоботи вакилони халқ дар участкаи интихоботии рақами 11, воқеъ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо иштироки фаъоли шаҳрвандон идома дорад.
Барои таъмини шаффофият ва қонуният, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аъзои комиссияи интихоботӣ раванди овоздиҳиро назорат намуда, шароити мусоидро барои ҳар як интихобкунанда фароҳам овардаанд.
Шаҳрвандон бо эҳсоси баланди масъулият ва рӯҳияи ватандӯстӣ ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, бо риояи талаботи қонунгузорӣ ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз медиҳанд. Ҳамаи раванди овоздиҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои қонунӣ ва стандартҳои демократӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон, мушовирони байналмилалӣ низ ба участка ташриф оварда, аз раванди овоздиҳӣ дидан намуданд. Онҳо фаъолияти комиссияи интихоботӣ, иштироки интихобкунандагон ва шароити овоздиҳиро баҳогузорӣ карда, ба ташкили дурусти он баҳои баланд доданд.
Ташкили кор дар участкаи интихоботӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, раванди овоздиҳӣ бо тартибу интизом ва иштироки фаъолонаи интихобкунандагон идома дорад.
ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, 02.03.2025