МУЛОҚОТИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ АМАЛИИ ТОШКАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚИ ДБССТ

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар факултети ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки олимону устодони Донишгоҳи илмҳои амалии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти илмию таълимӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур профессор Олим Садриддинович Каюмов, профессор Эльзара Эрнестовна Азмиева ва дотсент Гульнора Нуралиевна Каюмова бо донишҷӯёни факултети ҳуқуқ мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими робитаи забоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ, нақши таҳлили филологӣ дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва аҳаммияти истифодаи дурусти забон дар таҳияву татбиқи санадҳои ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳлили забонӣ ва маъноии далелҳои шифоҳию хаттӣ, хусусиятҳои тафсири матнҳои ҳуқуқӣ, муайян намудани мазмун ва муҳтавои изҳорот, инчунин аҳаммияти дақиқии истилоҳоти ҳуқуқӣ дар фаъолияти касбии ҳуқуқшиносон зоҳир гардид.

Олимону устодони хориҷӣ зимни суҳбат бо донишҷӯён аҳаммияти донишҳои филологиро дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ шарҳ дода, нақши таҳлили лингвистиро дар омӯзиши ҳуҷҷатҳо, арзёбии изҳорот, муайян намудани хусусиятҳои маъноии матн ва пешгирии тафсири нодурусти иттилооти ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба фарҳанги нутқи ҳуқуқӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ҳангоми таҳияи санадҳои расмӣ, истифодаи саҳеҳи истилоҳоти соҳавӣ ва зарурати ташаккули малакаҳои муоширати касбӣ дар фаъолияти ҳуқуқшиносон баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мураккаб гардидани равандҳои ҳуқуқӣ, донишҳои байнисоҳавӣ, бахусус ҳамгироии ҳуқуқшиносӣ бо забоншиносӣ, барои таҳлили ҳамаҷонибаи далелҳо, дарки дурусти муҳтавои санадҳо ва таъмини асоснокии хулосаҳои ҳуқуқӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Мулоқоти мазкур барои донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки ба масъалаҳои таҳқиқ ва арзёбии далелҳои шифоҳию хаттӣ аз нигоҳи филологӣ назар андӯхта, бо усулҳои муосири таҳлили матн ва нақши онҳо дар фаъолияти касбии ҳуқуқшиносӣ шинос гарданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои илмию таълимӣ бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ ба рушди тафаккури таҳлилӣ, ташаккули малакаҳои таҳқиқоти байнисоҳавӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва забонии донишҷӯён, инчунин таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалии ҳуқуқшиносӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷалби олимону мутахассисони хориҷиро ба раванди таълим яке аз самтҳои муҳими байналмилаликунонии таҳсилот арзёбӣ менамояд.

Чунин мулоқотҳо барои рушди ҳамкориҳои академӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ ва омодасозии ҳуқуқшиносони дорои донишҳои муосир ва салоҳиятҳои касбии байнисоҳавӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар