Хотиррасон мекунем, ки Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон - яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.
Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Дар Форум беш аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аз беш аз 60 кишвари олам иштирок карда истодаанд. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз доир мегарданд.