ХУШХАБАР! Ректори Донишгоҳ бо унвони профессори фахрии 2 донишгоҳи бонуфӯзи Чин сарфароз гардид

Дар доираи ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо унвони ифтихории профессори фахрии 2 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.
Унвонҳои ифтихории “Профессори фахрӣ” ба ректори муассиса Асрорзода Убайдулло Саттор аз ҷониби Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқ ва Донишгоҳи касбии Заочжунги Чин дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Унвонҳои ифтихории профессори фахрӣ ба ҳайати бисёрнафараи илмию омӯзгории донишгоҳ мубораку фархунда бод!
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *