Шарики байналмилалӣ: тавсеаи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Олмон

Дар идомаи сафари корӣ ба Олмон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Шаропов Ф.Р. ва директори Институти илмию тадқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” Иброҳимзода И.Р. бо ректори Донишгоҳи илмҳои дақиқи Анҳалт профессор Йорг Багданҳ вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳусни тафоҳум ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд.
Дар доираи мулоқот 5 самти муҳими ҳамкории тарафҳо мушаххас карда шуданд:
– роҳандозии табодули академии 15 нафар донишҷӯёни ҷонибҳо дар нимсолаи дуюм.
– тавсеаи ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаи Erasmus+.
– роҳандозии барномаҳои муштарак ва таҳсилоти дудиплома дар зинаи магистратура.
– баргузор намудани конфронсҳои илмии муштараки донишгоҳҳо (моҳҳои март ва сентябр).
– ҳамкорӣ дар самти гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак.
Ҳамин тавр, вохӯриву мулоқоти намояндагони донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Олмон идома ёфта, аз натиҷаи онҳо иттилоъ дода мешавад.
🌍Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *