Донишҷӯёни азиз!
Оё мехоҳед дар ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди сабз саҳми воқеӣ гузоред? Ба барномаи волонтёрони мо ҳамроҳ шавед ва як ҷузъи тағйироти мусбат бошед!
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон волонтёронро барои ҳамкорӣ даъват менамояд, ки дар татбиқи лоиҳаҳо ва тадқиқот дар самти баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён, амалисозии принсипҳои рушди устувор ва ҷанбаҳои иқтисоди сабз саҳмгузор бошанд.
Иштирок дар барномаи волонтёрӣ чӣ медиҳад?
˗ дониши амиқ дар соҳаи маърифати экологӣ, рушди устувор ва иқтисоди сабз;
˗ иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ (мизҳои мудаввар, конфронсҳо, форумҳо);
˗ имконияти кор дар лоиҳаҳои воқеӣ;
˗ такмили малакаи муошират бо забонҳои хориҷӣ;
˗ имкони иштирок дар таҷрибаомӯзӣ ва сафарҳои хориҷӣ;
˗ сертификат ва тавсиянома барои кори оянда;
˗ таъмини нақлиёт ва хӯрок зимни гузаронидани чорабиниҳои беруна;
˗ либоси ягона бо нишони муассиса.
Мо киҳоро меҷӯем?
˗ донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз таваҷҷуҳ доранд;
˗ масъулиятнок, фаъол ва омода будан барои рушд;
˗ хушмуомила, малакаи дар тим кор карда тавонистан;
˗ донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ);
˗ қобилияти омода кардани маводи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;
˗ омодагӣ барои иштирок дар чорабиниҳои беруна.
Чӣ тавр дархост намуд?
Ба суроғаи почтаи электронии green.iutet@gmail.com ё WhatsApp – (+992) 978-94-22-11 (Оламоро) бо маълумоти мухтасар дар бораи худ мактуб фиристед.
Узви тими мо бошед, ки дар он ғояҳо ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил меёбанд, донишҳо уфуқҳои нав мекушоянд ва волонтёрӣ на танҳо таҷриба, балки қадами устувор ба сӯйи имкониятҳои бузург мебошад!
Бо мо ҳамроҳ шавед – ояндаи сабзи Ватани маҳбубамонро созед!









40 mg prednisone pill: Axeryl – prednisone 4mg
https://axeryl.com/# iv prednisone
https://axeryl.com/# where can i get prednisone
low cost ed meds: edboldrix – cheapest erectile dysfunction pills
get ed prescription online Ed Boldrix online erectile dysfunction pills
prednisone 10mg buy online: Axeryl – prednisone 50 mg for sale
https://edboldrix.shop/# cheap ed meds online
purchase prednisone 10mg: Axeryl – buy prednisone online paypal