ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ КАБУДИЗОРКУНӢ

12-уми апрели соли 2025, бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и назди Донишгоҳ ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом, дар Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, як қатор дарахтони сояафкан, аз ҷумла арча шинонида шуданд. Ҳадафи чорабинии мазкур мусоидат ба беҳтар намудани муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба табиат ва саҳмгузорӣ дар рушди муҳити сабз ба ҳисоб меравад.
Ин гуна ташаббусҳо дар самти кабудизоркунӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист дар доираи сиёсати экологии мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти калон доранд.

1 Comment:

  • excellent post, very informative. I wonder why the other specialists of this sector do not notice this. You must continue your writing. I’m sure, you have a huge readers’ base already!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар