Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбии Линий ва Донишгоҳи касбии Заочуанги Чин

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректорони Донишгоҳи касбии Линий ва Донишгоҳи касбии Заочуанги Чин мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо, ректорони донишгоҳҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаҳо иштирок карданд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии мазкур дар самти ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, фаъолияти муштарак дар самти парки технологӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Намояндагони муассисаҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо доир ба самтҳои мавриди назар дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешаванд.
Сипас, намояндагони донишгоҳ аз парки технологӣ, пойгоҳи моддию техникии омодасозии кадрҳо, низоми таҳсилоти дуалӣ ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён ошно гардиданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *