БАҲОИ ТАЪРИХӢ БА АРЗИШМАНДИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

БАҲОИ ТАЪРИХӢ БА АРЗИШМАНДИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
(дар ҳошияи Рӯзи ваҳдати миллӣ)
   Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ҳамчун ҳуҷҷати такдирсоз тавонистаем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба мархалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фарохам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
   Ба миллати тоҷик низ дар тули таърих борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол ниҳода, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлати расид.
   Тавре ки ҳамагон дар ёд дорем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳуриамон гурўҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд, ки оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард.
    Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишвархои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухўрдҳою кашмакашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки шўруъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноустувори иктисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷўёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
     Аз рўзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ огоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу ороми меорам». Гирди як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомалӣ Раҳмон вазифахои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кўшиш ба харҷ дод. Роҳбарияти мухолифин, пеш аз ҳама марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ вазифаи таърихии худро бо гузашти айём ба хуби эхсос кард. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои равшанфикр мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар ватанамон комёб гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал карор дошта бошад, саъю кушиш намоем. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону чавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринии миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натичаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
    Қобили тазаккур аст, ки ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми кишвар, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танхо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию дини дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеч яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳи дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.
    Ба андешаи мо, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро, бахусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлак мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд. Ба омили хориҷӣ метавон ҳодисаҳои охири ҷахони имрўза, бахусус «баҳори араб»-ро шомил сохт. Ба таври умумӣ метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хоричӣ инчунин муносибати на он қадар дўстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳаргуна монеаҳои сунъӣ эҷод месозанд, дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофии роҳбарияти олии мамлакат зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эхсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.
   Омили дигаре, ки метавон ба ин гурўҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афғон ва то имрўз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кушиш менамояд. Ба омили дохилӣ бошад, аввалан, худи ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Ваҳдати миллиро тақозо менамоянд. Ба ҷумлаи омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии аҳоли низ дохил шуда метавонад. Бояд кайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз Вахдати миллӣ вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд. Баъзан авомиле пайдо мешавад, ки чи меъёр ё арзиши олие вучуд дорад, ки ба хотири он байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вучуд дошта бошад. Дар чунин ҳол на диният ва на миллият чунин вазифаро адо карда наметавонанд. Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндаги мекунанд. Инчунин, боз як идда шахсиятҳое низ вуҷуд доранд, ки дар зиндагии хеш бо дин ҳеҷ як робитае доштан намехоҳанд. Дар баробари ин, миллиятро низ чун арзиши ягона набояд қабул намуд, харчанд худи ғоя Ваҳдати «миллӣ» номгузорӣ мешавад. Инҷо мафҳуми «миллат» тамоми сокинони мансуби миллатҳои гуногунро, ки дар қаламрави ҷумҳури ба сар мебаранд, дарбар мегирад. Аз ин рў, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.
Дар муддати 27 сол, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.
    Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиклолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доирахои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука раҳнамун месозанд. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалин» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёси, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои оғози солҳои 90-уми Тоҷикистони мо хеле монанд хастанд. Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва чун фарзандони ҷоннисори ин ватани маҳбуб дар фикри кору пайкори эъмори давлати мутамаддини худ гардем. Зеро, тақозои замон ин аст ва ба мардуми ҳушманд дарак медиҳад, ки аз ҳастии худ дифоъ намоянд. Баҳои таърих ба Ваҳдати миллии тоҷикон он аст, ки он барои халқҳои дигар чун сарчашмаи ибрат ва омӯзиш қарор дода шудааст.
ИЛЧИБЕКОВА М.О., ҲАЙДАРОВ А.А. –
омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *