ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди донишгоҳ бо роҳбарияти муассисаи машваратии
“Hua he International “ мулоқот анҷом дода, созишномаи ҳамкориро дар самти татбиқи принсипҳои рушди устувор, иқтисоди “сабз”, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, аз он ҷумла форуму конфронсҳои байналмилалӣ ба тавсиб расониданд.
Бояд қайд кард, ки муассисаи мазкур дар амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак ва ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд таҷрибаи зиёд дорад ва тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки шурӯъ аз оғози соли 2025 ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *