Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Лондони Подшоҳии Британияи Кабир ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (WTM – 2025) ширкат варзид.
Мадрид ба зикр аст, ки Намоишгоҳи мазкур чорабинии сатҳи баланди байналмиллалии соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир ба шумор рафта, соли ҷорӣ таҳти унвони «Андешаи нави сайёҳӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда» баргузор гардида истодааст.
Дар доираи иштирок дар чорабинии болозикр ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳон бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ, ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои байналмилалӣ, инчунин муассисаҳои таълимии Британияи Кабир ва дигар кишварҳо вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Ҳамин тавр, иштироки роҳбарияти Донишгоҳ нишони кӯшишҳои пайваста дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робита бо шарикон ва ҳамтоёни хориҷии муассиса мебошад.
















